Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик

КОНИБОДОМ. Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарӣ, ҷомеаи меҳнатии матбааи шаҳр, собиқадорони соҳа, фаъолони ҲХДТ  ва алоқамандону муштариёни соҳаи табъу нашр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси созмони шаҳрии Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон Абдусаттор Содиқов ҳусни оғоз бахшида, кулли қаламкашонро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфт. Баъдан аъзои Раёсати КИ ҲХДТ раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ба сухан баромада, кулли матбуотчиёни шаҳрро бо идашон табрик гуфта, баҳрашон тансиҳатӣ, илҳоми тозаи эҷодӣ, комгориву тавфиқ орзу намуд. Зимни баромади худ аз саҳми матбуоти тоҷик дар ташаккули маърифатнокии мардум ва рушди ҷомеаи демократӣ сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд, ки рӯзномаи маҳаллии «Садои Конибодом» як ҷузъи матбуоти тоҷик маҳсуб ёфта, аз беҳтарин рӯзномаҳост ва рӯзноманигорони шаҳр тавассути сухани нишонрас ва  маводҳои гуногун баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ислохи камбудиҳои ҷойдошта ҳиссаи муносиб мегузоранд. Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки мардуми маърифатпарвари шаҳри Конибодом ба рӯзномаю маҷаллаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд ва ҷиҳати саривақт аз навгониҳои дохилу хориҷи кишвар иттилоъ пайдо амудан бештар ба ин навъи воситаи ахбор рӯ меоранд. Шаҳрдор дар идомаи суханрониҳояш изҳори боварӣ кард, ки минбаъд, бахусус, дар соли ҷашнгирии тантанаҳои ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом рӯзноманигорони шаҳр фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, тавассути мавқеи устувор ва адолатпарварӣ, сухани нишонрас ва қалами бурро баҳри ташвиқи ғояҳои инсонпарварона ва ҳадафу арзишҳои волои давлат, инчунин, дар пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа саҳми муассир мегузоранд. Сипас котиби созмони вилоятии Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Карим Шариф баромад намуда, аз номи Иттифоқ кулли алоқамандони соҳаи матбуоти шаҳрро самимона табрик намуд. Итминон зоҳир кард, ки матбуотчиёни шаҳр боз ҳам фаъолтар гардида, дар инъикоси саривақтиву ҳамаҷонибаи рӯйдодҳои диёр саҳмгир мешаванд. Ҷонишини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Холматова Хуршедахон баромад намуда, иштирокдоронро бо иди касбиашон табрик намуда, барои ҷавонони фаъоли соҳаи матбуот шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорид. Дар вазъияти тантанавӣ ба раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи матбуоти шаҳр нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» тақдим карда шуд. Ҳамзамон, собиқадори соҳаи матбуот ва собиқадори ҲХДТ Солеҳа Ваҳҳобова бо Ифтихорномаи созмони вилоятии Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон ва Директори ҶСК матбааи ба номи Набӣ Фахрӣ аъзои ҲХДТ Қаҳҳорҷон Ҳусейнов бо Сипосномаи идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» сарфароз гардонида шуданд. Ба ғолиби озмуни шаҳрии рӯзноманигорон барои дарёфти ҷоизаи ба номи Мавлонҷон Узоқов рӯзноманигори фаъолу сермаҳсул Алиҷон Маҳмудов Диплом ва туҳфаи пулии ҷоиза супорида шуд. Як қатор рӯзноманигорони фаъол бо сипосномаи раиси шаҳр ва сипосномаву ифтихорномаҳои идораи рӯзномаи «Садои Конибодом» тақдиронида шуданд. Мухбири ҷамоатии рӯзнома Аюби Бобозод ва мухлиси рӯзнома Мунаввара Ҳамдамова ба сухан баромада, аз ихлосмандии мардумро нисбати матбуоти даврӣ, махсусан, ба рӯзномаи маҳаллӣ иброз дошта,  ба кулли қаламкашон қалами буррову илҳому завқи баланди эҷодӣ таманно карданд. Ҷамъомад ба хотири арҷгузорӣ ба аҳли қалам ва кормандони васоити ахбори оммаи шаҳр шукуҳманду хотирмон анҷом пазируфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>