Омузиши фаъолият

АШТ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бобати омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ноҳия ҷиҳати баргузории Соати сиёсӣ ва расонидани ёрии методӣ доир ба фаъолияти ҳуҷҷатнигории онҳо рӯзи гузашта корбарии ташкилоти ибтидоии Тоҷиксуғурта мавриди омӯзиш ҷараён гирифт. Маълум гардид, ки  кори ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии Тоҷиксуғурта дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ, корҳои таблиғотӣ ва баргузории соатҳои сиёсӣ мувофиқи талаб аст. Фаъолияти гурӯҳи таблиғотӣ назаррас буда, дар ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаҳо бобати фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор карда шудааст. Ба ифтихори Наврӯзи Байналмиллал бо ҳизбиён ва пайравону ҷонибдорони он чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Бо вуҷуди ин дар баъзе самтҳои ҷодаи фаъолияти ҳизбӣ норасоиҳо дида шуд, ки бобати бартараф намудани он маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>