Бунёди боғи истироҳатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ

ПАНҶАКЕНТ.  Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати ободониву кабудизоркунии диёр ва бо мақсади таҷлили сазовори ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Панҷакент ҳар ҳафта баргузории шанбегӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳру ҷамоатҳои деҳот дар ин рӯзҳо ба ҳашар баромада, дар ободониву кабудизоркунии диёр саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, чунин корҳо аз ҷониби сокинони Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи Ёрӣ  бародарон Суфиев Соҳиб ва Суфиев Сайфиддин дар мавзеи Наврӯзгоҳи деҳаи Ёрӣ дар маҳаллаи Таги Работ ба иҷро расида аз ҷониби ин бародарон 1 га замини санглох ба мавзеи сабзухуррам табдил дода шуд.  Бародарон ташаббус нишон дода дар ин мавзеъ, ки аз солҳои қадим чорабиниҳои Наврӯзӣ баргузор мешавад, зиёда аз 250 адад ниҳоли ҳамешасабзи арча шинониданд. Дар ин мавзеи хуш боду ҳаво ва зебо, ки «Таги Работ»  ном дорад, ҳамасола Наврӯзи аҷамро мардуми деҳа ва меҳмонон аз шаҳру деҳоти дуру наздик бо як шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Дар сӯҳбат  бародарон иброз доштанд, ки ба ин сайлгоҳ аз масофаи 1,5 км оби нӯшоки биёранд ва барои ободиву зебоии ин мавзеи таърихӣ  ҳиссагузор бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>