Махфили дугонаҳо

СПИТАМЕН. Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Спитамен бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ»  махфили дугонаҳо таҳти унвони «Одобу ҳамидаи духтари тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинии маскур сармутахассиси самти ҷавонон ва иттилооти кумитаи иҷроия Д.Абдуқаюмова, мутахассиси омор ва бойгонии кумитаи иҷроия Ф.Обидҷонова, донишҷӯёни колеҷҷи тиббӣ, толибилмони МТМУ№2 ва кормандони беморхонаи марказӣ ноҳия иштирок намуданд. Махфили маскурро донишҷӯи колеҷи тиббӣ Гадоева Сурайё ҳусни ифтитоҳ башид. Дар махфил хониши шеърҳо, намоиши саҳна оиди пойдории оила, дар мавзӯъи одобу ҳамидаи духтари тоҷик, маданияти истифодабарии телефонӣ мобилӣ байни ҷавонон ва  ҷалби ҷавондухтарон ба соҳаи ҳунармандӣ дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маърӯзаҳо хонда шуд. Дар баромади худ Абдуқаюмова иштироккунандагонро бо омадани фасли баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯз аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия табрику шодбош намуда иброз намуд, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва оилаи солим аз зани бомаърифату покдоман сарчашма мегирад. Зане, ки одоби хубу маданияти баланд дорад, албатта ҷомеа ва насли навраси боадабу бомаърифатро тарбия мекунад. Аз тарафи сарояндагони Қасри фарҳанг баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи консертӣ гузошта шуда, дар охир ба 16 нафар кормандони соҳаи тиб, ки ба сафи ҲХДТ шомил шуданд, тантанавор шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Махфил тарбиявӣ ва хотирмон гузашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>