Семинари минтақавии омӯзишӣ оид ба масъалаҳои дин ва танзими расму оин

КОНИБОДОМ. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода Суҳроб семинари минтақавии омӯзишӣ доир ба шиносонидани кормандони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт, Раисони ҷамоатҳои деҳот, сармутахассисиони ҷамоатҳои деҳот, сархатиб ва имомхатибон, фаъолони ҲХДТ бо моҳияти низомномаҳои намунавии комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, тартиби гузаронидани маросими дафну азодорӣ, тартиби гузаронидани хатнасури хайриявӣ ва тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявӣ гузаронида шуд.  Дар рафти семинар муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои динии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода А.Ф. доир ба масъалаҳои доғи рӯз аз ҷумла «Терроризм ва экстремизм», «Ҷудошавии оилаҳо», «Паҳншавии бемориҳои сироятӣ» ва «Таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар хориҷи кишвар» баромад намуда, ба иштирокдорони семинар дастуру супоришҳо дод. Ҳамзамон, дар ҷараёни семинар доир ба моҳияти таъсис додани комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ суҳбати ошкоро ташкил карда шуд. Дар охир, аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба иштирокдорони семинар низомномаҳои намунавии комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ дастрас карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>