Иштироки Раиси вилоят дар чорабинии Наврӯзии тарбиятгирандагони мактаб-интернат

БӮСТОН. Дирӯз, 17 март дар мактаб-интернати вилоятӣ воқеъ дар шаҳри Бӯстон бахшида ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз чорабинии  бошукуҳи идона баргузор гардид. Баҳри хотирмон таҷлил гардидани Наврӯзи аҷам ва дар ин рӯзи фархундаву хуҷаста ба аёдат ва ғамхории навбатии давлату Ҳукумат фаро гирифтани тарбиятгирандагони мактаб-интернат ба ин муассиса Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ бо аҳли адаб ва ходимони давлатию ҷамъиятии вилоят ташриф оварда, шодишарики кӯдакони ятиму бепарастор гардиданд. Нахуст, Роҳбари вилоят тарбиятгирандагонро бо фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҳният гуфта, иброз дошт, ки зери роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхории давлату Ҳукумат ба ин қишри ҷомеа дар мадди назари ҳамешагӣ қарор дорад. Сипас, ба тарбиятгирандагон оид ба корномаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон ва муаррифии Ватани маҳбуб дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи тарбияи насли шоистаи замон асарҳои пурмуҳтавои аҳли қалами кишвар супорида шуд. Дар фазои тантанавӣ ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои идонаи Наврӯзӣ тақдим ва дастурхони идона густурда шуд. Барномаи рангини наврӯзии тарбиятгирандагон, ки саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан-Модар, Тоҷикистони маҳбуб, васфи табиати зебои диёр, шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот буд табъи ҳозиринро болида гардонид

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>