ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ

Гулчини суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз

Аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштаанд ва барои пойдории он талош варзидаанд.

***

Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо маросимҳои густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд.

***

Расми хубе, ки тоҷикон дар ҷашнгирии Наврӯз анҷом медиҳанд, суннати густурдани суфра ё дастурхони идона аз боигарии  табиати диёр мебошад, ки ифодагари саховатмандии табиат буда, ишора бар он аст, ки инсон низ мисли табиат бояд саховатпеша бошад.

Дар шабу рӯзҳои ҷашни Наврӯз суннати аёдати хешу табор ва аз аҳволи эҳтиёҷмандон бохабар шуда, Наврӯзу баҳорро табрик намудан дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи муҳим дорад.

***

Наврӯз ба сифати беҳтарин ҷашни миллии мардуми Шарқ таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳро тарғиб менамояд.

***

Баъди соҳибистиқлолии кишварамон Наврӯз эҳё гардид, мақоми хоса пайдо намуд ва аз ҷашни мардумӣ то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардид.

***

Наврӯз воқеан рӯҳи солим дошта, дар ойини мардуми мо сароғози зиндагии нав ва амалӣ шудани ормонҳои наҷиб ба шумор меравад.

***

Наврӯз ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли зиндагии ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва чун ҷашни муҷдаи рӯзи нав симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст.

***

Наврӯз рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаву имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррам мебошад.

***

Наврӯз  бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.

***

Фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст.

***

Дар фалсафаи Наврӯз амали созандаву офаранда чун нахустунсури фаъолияти инсон шинохта мешавад, ки ҳунари кишоварзӣ баёнгари возеҳтарини он мебошад.

***

Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони мо ватани Наврӯз аст ва дар сарзамини мо тантанаҳои наврӯзӣ ҳамчун оғози корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон нерӯи тоза мебахшанд.

***

Бояд гуфт, ки эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли зиё мебошад.

***

Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд.

***

Қобили таъкид аст, ки Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату ойинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат буда, маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст. Ин ойини фархунда бо ҳама сифатҳои некбинонааш ба хонадони мардум, сарфи назар аз наҷоду миллат ва дину мазҳаб, ворид гардида, ба ҳар як фард паёми хуррамиву шодмонӣ ва хушбахтиву хонаободӣ меорад.

Ҷамъоваранда Муродуллоҳ ПОЧОЗОДА,

мудири бахши таблиғу иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>