Чамбараки Кабирӣ ва наҳзаташ дар дасти кист?

АНДЕША. Таҳлилҳо собит месозанд, ки ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардид, пурра фаъолияти пасипардагии худро бо роҳнамоӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии худ идома дода, мехоҳад дар Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаи хоҷагонаш саҳм гузорад. Ва чунин ҳам шуд. таърих ҳеҷ гоҳ хиёнаткориҳои чунин ташкилоти ифротӣ ва фарзандони нохалафи миллатро нахоҳад бахшид. Амалҳои нангини наҳзатиён бо роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва иддае аз чаласаводони зархарид, ки мусалмониро танҳо бо доштани ришу ба бар намудани яктаҳи сафед ва ё сиёҳ дарк мекарданд дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро ба мотамкада табдил дода буд. Ин нохалафон бо дастури хоҷагони хориҷии хеш даст ба оташ задани хонаи худ зада, кишвари тозаистиқлолро ба гирдоби хуну бало кашониданд. Дар қалми мардум тарсу ваҳм ва ваҳшониятро бор карда, моликияти онҳоро зӯран соҳиб шуданд. Амалҳои ноҷавонмандонаро дар кишвар содир намуда, мисли мусичаи бегуноҳ дар паноҳи хоҷагонашон панаҳ бурданд. Он замон Нурӣ ва ҳайёати ҳамроҳони хоинаш бо супориши ҷониби Эрон барои ошкор нагардидани асрори пуштибонии Эрон аз ТЭТ ҲНИТ ба Афғонистон паноҳ бурданд. Ҳамагон медонем, ки хисороти ин ҷанги хонумонсӯз чӣ қадар ба Тоҷикистон мусибат овард. Бо барқарор шудани вазъ дар Тоҷикистон ва ғалаба намудани ақли солими Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба андешаву ниятҳои аҳримании гуруҳҳои тахрибкори наҳзатӣ, барқарор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон баъдан маълум гардид, ки пуштибонии асосии ҲНИТ кӣ будааст. Намоиши филми Эрон пуштибони ҲНИТ ва ё ваҳшонияти ҲНИТ ошкор гардид, ки маҳз барои куштани шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба наҳзат Эрон чӣ супоришҳо медодааст. Ҳамзамон пас аз ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи давлатӣ роҳбарияти Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳиддин Кабириро дар конронси сатҳи баланд ҳамҷоя бо намояндагони Ҳукумати кишвар даъват намуда, бо Кабирӣ дидор ва мулоқоти ошкоро анҷом дод. Аз ин рӯ, бешак маълум мегардад, ки чамбараки Кабирӣ ва наҳзаташ дар дасти хоҷагони хориҷиаш буда, майли наҳзатро хоҷагонаш ба кадом самте, ки хоҳанд равон месозанд. Бо дарки ин нукта, бояд дарк намоем, ки наҳзати наҳс аз ҷониби хоҷагонаш идора шуда, пурра бар зидди арзишҳои миллӣ ва давлатии кишвари Тоҷикистон равона гардидааст. Моро зарур аст, ки дар мубориза бо наҳзат ва дигар созмону гуруҳҳои тахрибкори тозатаъсис, ки ҳамагӣ фарзандони наҳзат мебошанд зираку ҳушёр буда, дар сафҳои худ ба ин нохалафон роҳ надиҳем. Зеро наҳзат Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

            Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>