Муҳоҷирони меҳнатӣ ғолибиятро ба даст оварданд

АЙНӢ. Бахшида ба омад-омади Наврӯзи оламафрӯз, бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар базаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия, ки дар МТМУ№19-и деҳаи Сангистон ҷойгир шудааст ва бештари чорабиниҳои варзишӣ дар онҷо барпо мегардад,  байни хонандагони МТМУ№1, МТМУ№19, МТМУ №33 Муҳоҷирони меҳнатии деҳа ва кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия, мусобиқаи валейбол ва футбол баргузор карда шуд. Нахуст, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Солеҳ Қобилов доири сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд. Дар идомаи суханронӣ мавсуф аз ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатии дар мусобиқа ҷамъомада, даъват ба амал овард, ки зимни сафар ба давлатҳои хориҷа, фирефтаи ақидаҳои ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд. Ҳар яки мо бояд шукронаи тинҷиву оромӣ ва фазои осоиштаи кишвари худро кунем, хуб хонем ва дар оянда ҳамчун шахсияти созанда дар гул-гулшукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузорем- илова намуд- Қобилов. Дар даври авали мусобиқа кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия ва Муҳоҷирони меҳнатии деҳа мусобиқаи валейболро ҳусни оғоз бахшида, ҳарду даста маҳорати хуб нишон дода, холҳои назаррасро ба даст оварданд. Сипас, аз рӯи нақша-чорабини   ТҶҶ “Созандагони Ватан”, хонандагони МТМУ №1 ва МТМУ№19 байни худ қувваозмойи намуданд, ки дар натиҷа ҷавонони созандаи МТМУ№1 ғолибиятро ба даст оварданд.  Дар интиҳои мусобиқа, байни дастаҳои ғолиб, дастаи Муҳориҷони меҳнатии деҳаи Сангистон ва хонандагони МТМУ№1 мусобиқаи валейбол баргузор шуд. Дастаҳои ғолиб талош намуданд, ки маҳорати хуб нишон диҳанд ва сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи ҳарду даста, дастаи Муҳоҷирони меҳнатии деҳа сазовори ҷойи якум ва хонандагони МТМУ№1 сазовори ҷойи дуюм гаштанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар идомаи мусобиқаҳо,  байни хонандагони МТМУ №19 ва МТМУ №33 мусобиқаи футбол гузаронида шуд, ки дар натиҷа хонандагони МТМУ№33 ғолибиятро баромаданд. Чунин мусобиқаҳои варзишӣ ва баҳси илмӣ байни хонандагон бомаром идома меёбанд. Баҳри қадрдонии дастаҳои ғолиб, аз ҷониби ТҶҶ  “Созандагони Ватан”  тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>