Қадрдонии аъзои ҲХДТ

МАСТЧОҲ. Дар рӯзҳои пурфараҳу нишотафзои Наврӯзи ҷаҳонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ аёдати собиқадорони меҳнат, қадршиносии афроди арзанда ва дастгирии молиявию маънавии оилаҳои ниёзманд идома доранд. Дар доираи чунин иқдоми неки идона Раъно Бобоҷониён — муовини раиси ҲХДТ, Ғайрат Азиззода — раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Фаррух Мақсудзода — сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд ба як гуруҳ собиқадорони меҳнат ва оилаҳои онҳо мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳро тақдим карданд. Ҳамчунин, дар чунин рӯзи хуб 2 нафар аъзои фаъоли ҲХДТ — Муллосоқӣ Атовуллозода, муовини аввали раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Муқим Амонов сармеъмори ноҳия барои саҳми арзанда дар рушди диёр, тарғибу ташвиқи ғояҳои пешбарандаи ҳизб ва татбиқи Барномаи ҲХДТ бо медалҳои ҷашнии «20-солагии ҲХДТ» сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>