Ғамхории ҳизбиён нисбати кудакони ятим

ЗАФАРОБОД. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ба муносибати фарорасии Ҷашни Наврӯзи байналхалқӣ дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгири ва аёдат намудани  кудаки ятим сару либоси наврӯзиро аз қабили атласу адрас харидори намуд. Санаи 21 марти соли 2018 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод ҳангоми баргузории ҷашни бошукӯҳи аҷдодӣ Наврӯзи оламафрӯз аз тарафи Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз Худоёрович туҳфаҳои ҷашнӣ дар ҳолати тантанавӣ ба кудакони ятим тақдим карда шуд. Барои дар сатҳи баланд ташкил ва харидори намудани либосҳои ҷашни саҳми вакили маҷлиси вакилони  халқи ноҳияи Зафаробод Кенҷаева Шаҳло низ намоён аст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод минбаъд низ барои дар амал ҷорӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>