Аёдати собиқадори меҳнат

МАСТЧОҲ. Дирӯз дар доираи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати ҷашни ҷаҳонии Наврӯз собиқадори меҳнат, мудири китобхонаи бачагонаи ноҳия Лидия Мисикова, ки айни ҳол дар бистари беморист, аз ҷониби раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб аёдат шуд. Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ зимни аёдати наврӯзӣ аз фаъолияти пурмаҳсули Л. Мисикова дар солҳои гуногун ёдоварӣ намуда, саҳми мавсуфро дар рушди соҳаҳои маорифу фарҳанги ноҳия муҳим арзёбӣ кард. Лидия Мисикова, ки дар солҳои шастуми асри гузашта аз Россия ба Тоҷикистон омадаву дар давраи Шӯравӣ дар зинаҳои масъули ҳизбию давлатӣ фаъолият кардааст, аз нафарони ангуштшумор аст, ки пас аз пошхӯрии собиқ ИҶШС тарки Тоҷикистон накардаву фаъолияти худро барои рушди соҳаҳои мухталиф идома додаанд. Бо вуҷуди пирӣ Л. Мисикова то ҳанӯз дар китобхонаи бачагонаи ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси мудир фаъолият дорад. Ӯ соли 2007 зимни як сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ, ки он замон Л. Мисикова директори китобхонаи марказии ноҳия буд, ба Сарвари давлат барои мусоидат дар таъмиру азнавсозии китобхонаи мазкур муроҷиат кард. Бо супоришу дастгирии Пешвои миллат китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ гардид ва то ҳанӯз яке аз беҳтарин китобхонаҳо дар вилояти Суғд мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>