Маҷлисҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

БӮСТОН. Тули ҳафтаи гузашта дар ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон маҷлисҳои тантанавӣ бахшида ба Наврӯзи байналмиллал баргузор гардиданд. Дар ҷамъомадҳо  Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Мухторова Г.У. намояндагони аъзоёни кумиҷроия  Фозилзода М.М., Комилӣ Камол,  Эмомзода Гулбаҳор, Ниёзова Р.М., Қосимова М.Я. иштирок варзида, табрикоти  Роҳбарияти Олии ҲХДТ-ро бахшида ба Наврӯзи байналмиллал ба   аъзоёни ҳизб расониданд. Дар маҷлисҳои тантанавӣ аъзоёни ҳизб, ки  фаъолияти хуби меҳнатӣ дошта, ба корҳои  ҷамъиятӣ ва  тарғиботиву ташвиқотӣ дар доираи  амалӣ сохтани  ғояҳои бузурги Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд, бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ сарфароз гардиданд. Дар ташкилоти ибтидоии  «Маърифат» аз ҷониби аъзоёни фаъоли ҳизб барномаи ҷолиби фарҳангӣ  манзури  меҳмонон ва ҳозирин гардид. Дар охири  ҷамъомадҳои ҳизбӣ аз ҷониби  меҳмонон ба чанд нафар ҷавонон зери фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>