Ифтитоҳи толори варзишӣ дар Хистеварз

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки наврасону ҷавонон ояндаи давлату миллатанд. Барои ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа, дар ҷамоати деҳоти Хистеварз бо ибтикори сармоягузорон: Дафтари Бунёди Сулҳи Созмони Миллал ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи толори варзишӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сарварии Раиси ноҳия Назирӣ Зариф Вализода ва меҳмонон аз хориҷа, шахсони барӯманд, собиқадорони ҳизбу меҳнат, варзишгарон иштирок намуданд.Толори варзишии мазкур дорои майдонча барои бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол, тенниси рӯимизӣ, тармими намудҳои гӯштин, бокс буда, бо тарҳи замонавӣ  сохта ба истифода дода шудааст. Зимни баромад, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамагонро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд. Боиси қайд аст, ки ҷавонону наврасон дар ин толори варзишӣ метавонанд ҳамарӯза омада ба варзиш машғул шаванд ва тариқи ройгон аз майдончаҳои варзишӣ истифода баранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>