Панҷакент мехмононро интизор

ПАНҶАКЕНТ. Дар шаҳри бостонии Панҷакент бо дастуру ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раҳнамоиҳои раиси шаҳр Ислом Зиёзода омодагиҳо ба таҷлили  Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ бомаром идома дорад. То ин муддат дар доираи барномаи “40 рӯзи ободонӣ” ҳамарӯза ҳазорон сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент ба ҳашари умумихалқӣ баромада, дар ободонии  кӯчаву хиёбонҳо ва гулгашту роҳҳо саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин асос дар 14 ҷамоатҳои деҳот ва 18 маҳаллаҳои шаҳр, корхонаю ташкилотҳо корҳои тозагӣ рангу бор ва сабзу хуррамгардонӣ амалӣ гашта, аз ибтидо то интиҳои шаҳр барои ободонии кӯчаҳои марказӣ ва гулу гулзоркунӣ 75 000 бех гулҳои гуногун, аз ҷумла питуния, амбарбӯиву заъфаронӣ, палма, лола ва дигар гулҳои зебо харидорӣ ва дар гулхонаҳои шаҳр шинонида шудаанд. Сохтмону азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ аз қабилӣ варзишгоҳи марказӣ барои зиёда аз 5000 нафар, маҷмааи Қасри ҷавонон иборат аз 5 ошёна, муҷассама ва майдони нави устод Лоиқ Шералӣ, таъмири асосии фурудгоҳи шаҳр, бинои дуошёнаи хеле хуштарҳи боғчаи бачагона ва ороишоти маркази савдои «Ҳумо» ба ҳусни шаҳр ҳусн зам намуданд. Ҳамчунин, дар идомаи корҳои ободонӣ дар болои сойи Зебони шаҳр  2 пули мошингузар ба истифода дода мешавад. Бо эҳсоси  қаноатмандӣ изҳор менамоем, ки чорабиниҳои Наврӯзи бо иштироки меҳмонони олиқадр дар шаҳри Панҷакент дар сатҳи хеле хуб баргузор хоҳад гашт.

Марҳабо ба Панҷакент!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>