Тарғибу ташвиқоти ҳадафҳои ҲХДТ дар идораи давлатии хоҷагии об ва беҳдошти замин

конибодом таргибу ташвик

КОНИБОДОМ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҳизб, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 16 феврали соли 2018 баён гардидааст, мулоқоту вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида истодааст. Санаи 28 марти соли ҷорӣ чунин вохӯрӣ ҷиҳати иҷрои банди 5 нақшаи мазкур оид ба ташкил ва роҳандозии чорабиниҳои таблиғотӣ вобаста ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи амали “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар идораи давлатии хоҷагии об ва беҳдошти замин доир гардид. Дар вохӯрӣ Шокирӣ А- раиси идораи давлатии хоҷагии об ва беҳдошти замин ва Холматова Х – ҷонишини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок доштанд.  Сараввал Шокирӣ А- оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии коргоҳ маълумоти мухтасар дода, қайд намуд ки тамоми коллектив вазифадоранд, оид ба татбиқу тарғиби ҳадафҳои ҲХДТ фаъолияти хешро равона намуда ва тамоми имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу ватан ва ба боварии мардуми худ сазовор бошанд.  Зимни баромади худ Холматова Х- оид ба мақсад ва вазифаҳои ҳизб, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, ғоҳои созандагивӣ бунёдкорӣ сухан ронд. Дар охир ба 23 нафар кормандон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>