Силсила вохӯриҳо бо занҳои ҳунарманд

спитамен силсилаи вохурихо

СПИТАМЕН.  Ҳафтаҳои таҷлили ҷашни аҷдодии Наврӯзи ҳуҷастапай, дар асоси нақшаи кории самти занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, бо ташкили силсила вохӯриҳо бо занҳои ҳунарманд таҳти унвони «Зан ёвари Истиқлол» баргузор гардиданд. Дар толори кумитаи иҷроия,  машварат бо бонувони хонашин, занҳои ҳунарманду барӯманд ҷавондухтарон бо намоиши маҳсули дастони моҳир – ҳунарҳои миллӣ баргузор гардид.   Машваратро мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия В.Болтуева, ки худ чун бонуи ҳизб ҳунарманд мебошад, ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сармутахассиси самти ҷавонони Кумитаи иҷроия Д.Абдуқаюмова дар баромади худ оид ба ташкили силсила машваратҳо таҳти унвони «Нигоҳи меҳр», «Зан ёвари Истиқлол» бо занони ҳунарманд, ки дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид, сухан ронда  иштирокчиёни  машварати ҷамъбастии имрузаро, ки бо намоиши ҳунарҳои дастии миллии бонувони  деҳаҳои дурдаст ҳозир гаштаанд, хайра мақдам намуд. Намоиши ҳунарҳои миллӣ ва волои аҷдодони мо писанди ҳама гашт. Алалхусус, қуроқдӯзӣ, миёнбанди мардона, тоқиҳои мардона ва занона, ҷома, кашидадӯзӣ, армуғонҳои миллӣ ва гулдузӣ барои омузонидан ба ҷавондухтарон тавсия дода шуд.  Аз тарафи иштирокчиён ба ҳунарҳои дастии ин занони деҳот баҳои баланд дода шуд. «Занону модарони тоҷик дар тӯли чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят буданд» ин суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон дар давраи истиқлолият мебошад. Аз таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик маълум аст, ки мардуми он дорои анъанаҳои неку ғанӣ ва урфу одатҳои ба худ хос мебошанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» бори дигар моро водор мекунад, ки аз гузаштаи худ огаҳ бошем ва бидонем, ки аҷдодони мо бо кадом ҳунарҳои воло таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ҷалб намуда буданд. Чунин чорабиниҳо дар давоми сол ба нақша гирифта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>