Мо метавонем

исфара мо метавонем

ИСФАРА. Аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти шиори “Мо метавонем, шаҳрамонро ободу озода нигоҳ дорем” ҷавобан ба иқдоми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин ҳашари умумӣ ташкил карда, кӯчаи калони минтақаи саноъатии шаҳр аз майдони Ғалаба то шаҳраки Навободро аз қоғазпораҳо ва дигар маводҳои тоза намуданд. Дар ҳашари умумӣ беш аз 350 нафар ҷавонони ихтёрӣ иштирок доштанд. Онҳо ӯҳдадор шуданд, ки ин амалӣ хайрро мунтазам ва мураттаб ба роҳ монда барои ободонии дигар минтақаҳои шаҳр низ саҳми худро гузоранд. Ин иқдоми наҷиб як рӯз пеш дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар даромадгоҳи шаҳри Исфара гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>