Маҳфили «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!»

ГУЛИСТОН. Бо мақсади ҳамкорӣ бо шахсони дорои таҷрибаи бойи ҳаётӣ дошта, эҳтироми насли калонсол, собиқадорони ҳизб, рушди ҷомеа дар раванди рӯзғордорӣ, эҷодкорӣ, маърифатнокӣ, тарғиб ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами шахсони барӯманд, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, тайёр намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақил, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар Ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ», маҳфили «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!» бо иштироки занони собиқадори ҳизб ва ҷавондухтарон  баргузор карда шуд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён М. Ғ ва мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А. ҳозиринро хайра мақдам намуда, оид ба пойдории оила, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», баромад намуданд. Сипас, ҷавонон бо барномаи фарҳангӣ: суруд, рақс, қироати шеърҳо дар васфи Баҳор, Модар, Наврӯз, саҳначаҳои ҷиҳати тарбиявӣ дошта, табъи ҳозиринро болида гардониданд. Саволу посухҳо бо шахсони барӯманд, оилаҳои намунавӣ ҳусни маҳфили «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!» боз ҳам ба обу ранг намуд. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таъ­рихиву фарҳангии қадимии миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебо­шанд. Онҳоро бояд дуруст тарбият кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>