Биёед ба ин ҷаҳон бо чашми хирад нигарем…

гулистон биёед

ГУЛИСТОН. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” оид ба тарғибу ташвиқи  Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии ҷавондухтарон  ва ҷавонписарон вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар он Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷамолиён М.Ғ, мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А иштирок ва баромад намуданд.  Қайд гардид, ки Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ: маориф, тандурустӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо сухан карданд. Аз ҷумла борҳо доир ба шомил гаштани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм, экстремизм гуфта гузаштанд. Сухани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафтори ҷавонони имрӯза, моро водор менамояд, ки барои тарбияи дурусти ҷавондухтарон кӯшиш намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоем.Баъд аз воқеъаҳои солҳои 90-ум ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Бо ақидаҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизамон соҳиби сулҳу ваҳдат шудааст. Имрӯз, дар Тоҷикистони мо сулҳу ваҳдат пойдор ҳасту мардуми мо осудаҳолона зиндагӣ карда истодаанд. Мо аҳли зиёиён бояд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри ободии Ватани биҳиштосои худ саҳмгузор бошем. Орзу дорам, ки ҷавонон мисли устоди сухан Рӯдакӣ хирадманд , мисли паёмбари ғазал Саъдии бузург гуманист ва мисли қаҳрамонҳои гузаштаи халқи тоҷик ҳимоятгари Ватани худ бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>