«Зан-ёвари Истиқлол»

гулистон зан

ГУЛИСТОН. Тибқи нақшаи кории  Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шуъбаи кор бо занон, чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ ва тантанаи қадрдонии оилаҳои намунавӣ бо номи «Зан-ёвари Истиқлол» бо иштироки занони барӯманд, фаъолони ҳизб, ҷавондухтарон ва ҷавонписарон  дар Ташкилоти ибтидоии  “Бахши фарҳанг” ташкил ва баргузор гардид.  Дар он Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён М.Ғ, мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А. иштирок ва баромад намуданд. Қайд гардид, ки албатта, зан-ёвари Истиқлол аст. Ҷангу қатлу хунрезӣ аз ҳама ба зан-модар озор овардааст. Занони тоҷик ғаму андуҳи хешро дар  қалб қулф зада, баробари мардон барои ободонии сарзамин саф кашидаанд. Имрӯз самараи меҳнати онҳо ба назар мерасад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳукумат омадан нисбат ба занон ғамхории махсус зоҳир намуданд. Зан-ёвари Истиқлол, Истиқлол ба занони миллати шарафманд, озодӣ, обрӯ, мавқеи баланду шоистаро дод, мо бояд ин неъмати бебаҳоро чун ору номус ва виҷдону нанги хеш ҳифз намуда, дар таҳкими арзишҳои миллӣ ба ақли солеҳу амри дил такя кунем.  Дар атрофи мавзӯъи  «Зан-ёвари Истиқлол»  баҳсу мунозираҳо барпо карда шуданд. Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ фарҷом ёфт.

Дару девори ҷаҳон, худ дару девори зан аст,

Кори дунё ҳама, дар пайравии кори зан аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>