Мулоқот дар ташкилоти ибтидоӣ

КОНИБОДОМ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Холматова Х аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Корхонаи воҳиди давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дидан намуда, бо онҳо мулоқот орост. Дар мулоқот Холматова Х  мақсаду мароми ҲХДТ фаҳмонид ва инчунин оид ба  масъалаҳои интизоми меҳнатӣ, масъулиятнокии ҳар як шахс суханронӣ намуд. Инчунин дар вазияти тантанавӣ ба 7 нафар мутахассисони ҷавон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Сипас роҳбари ташкилоти ибтидоӣ сардори КВД-и БММҒ Нурматов Ҳ баромад намуда, аъзоёни навро табрик намуд ва Комиҷроияро бовар намуд, ки сиёсати пешгирифтаи раиси ҲХДТ дастгирӣ намуда, ва барои ободонии кишвари худ сайю кӯшиш хоҳанд варзид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>