Вохӯрӣ бо омӯзгорон

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 29 марти соли 2018 дар толори МТМУ-и №33 ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, мубориза бар зиддӣ зуҳуроти номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифратгаро бо омӯзгорони муассиса гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод, мудири шуъбаи омори КИН ҲХДТ Отабоев Пӯлодҷон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари МТМУ-и №33 Забиллоев Асутулло ҷамъомадро кушода қайд кард, ки: вохӯрии имрӯза ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бахшида мешавад. Имрўз ин зуҳурот торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод дар баромадаш гуфт, ки: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон низ оиди хатари экстремизму терроризм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ карданд. Оре, дар ҳақиқат ин падидаҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ, чун вабои аср эътироф гардида, ба ҳамаи инсоният хатарноканд. Имрўз муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар яке аз омилҳои асосии ҷалб намудани шаҳрвандон ба задухӯрдҳои Сурия шуда истодааст. Аксари сокинон аз муҳоҷират ба ҷангҳо сафарбар шудаанд. Онҳо асосан шаҳрвандонеанд, ки дар муҳоҷират ҷойи аниқи кор ёфта наметавонанд, сатҳи дониши паст доранд, барои дарёфти маблағ азият мекашанд. Ва чунин ҷавонон зуд ба доми фиреб меафтанд.  Мо, аҳли зиё ва  ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакону наврасон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, мураббиён ва волидон дар якҷоягӣ бо сохторҳои маориф, фарҳанг ва фаъолони ҳизбӣ тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷой гардад. Алалхусус, ба касбомӯзӣ, ба маҳфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Дар охир ба омӯзгорони ҷавони, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шудааст, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>