Мавсими имсолаи кишти пахта оғоз гардид

МАСТЧОҲ. Имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Тӯйхон» (раисаш Ҳасан Амрбеков), ки дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур ҷойгир аст, дар масоҳати 20 га пунбадонаи хушсифат киштанд. Зимни суҳбат бо аҳли заҳмат роҳбари ноҳия таъкид намуд, ки Мастчоҳ ноҳияи кишоварзист ва ба кишту парвариши пахта аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Мавсуф дар идомаи суҳбат аз дастгириҳои давлат, имтиёзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имкониятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ёдоварӣ намуда, изҳори итминон кард, ки мардуми пахтакори Мастчоҳ чун падарони фотеҳи худ камари ҳиммату мардонагӣ баста, бо таъмин намудани дурнамои истеҳсоли пахта бори дигар устоди пахта ва меҳнатдӯсту муваффақ будани хешро исбот менамоянд. Ноҳияи Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои пахтакор ва дар ин самт пешсафу пуртаҷрибаи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ айни замон дар ноҳия 4903 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, ки 80 фоизи онҳо ба кишту парвариши пахта машғуланд. Дурнамои кишти пахта барои имсол 11200 га муқаррар гардидааст. Дурнамои истеҳсоли пахта бошад 23 ҳазор тонна аст. Бовар дорам, ки кишоварзони ноҳия дурнамои кишт ва истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро мекунанд, зеро барои ноил шудан ба чунин натиҷаҳо ҳамаи имкониятҳо фароҳам аст, — мегӯяд  Назрулло Боймирзоев, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ва раиси ТИ ҲХДТ «Кишоварз». Дар баробари пахтакорӣ хоҷагидорони ноҳия ба кишту парвариши чормағзи заминӣ, офтобпараст, тарбузу харбуза ва пиёзу картошка низ машғул буда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Соли гузашта бо сабаби аз меъёр зиёд кишт намудани тарбузу рӯёнидани ҳосили фаровон нархи он дар ноҳияи Мастчоҳ хеле арзон шуд ва ба зиёни кишоварзон анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>