Ёдбуди собиқадори фаъоли ҲХДТ

МАСТЧОҲ. Дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба муносибати 70-солагии собиқадори меҳнат, узви фаъоли ҲХДТ, фарди ватандӯсту дилогоҳ ва инсони хоксору самимӣ, устоди аксар мутахассисони Мастчоҳ, собиқ ҷонишини раиси ноҳия Шермурод Шарифов маҳфили ёдбуд баргузор гардид.Дар маҳфили мазкур дӯстону пайвандон, роҳбарони собиқи ноҳия, ҳамкорону шогирдон ва меҳмонон аз Хуҷанду Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат ҳузур доштанд. Нахуст раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода дар бораи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва маҳорати кории марҳум сухан гуфта, иброз дошт, ки шодравон Шермурод Шарифов фарде буд, ки барои ҷомеа зист ва умру ҷони хешро сарфи ободии диёр кард. Руасои собиқи ноҳия Сироҷиддин Ҳасанов, Саидҳаким Боқиев, Турсунбой Раҳматов, Абдукарим Ҳикматов низ аз хотираҳои ҳамкории худ бо ин марди наҷиб ёдоварӣ намуда, доир ба ҷавонмардию меҳнатдӯстии марҳум далелҳои ҳаётӣ нақл карданд.Муҳаммадраҷаб Шарифзода, Мирзо Шукурзода, Маликнеъмат Неъматзода, Олимхон Исматӣ ва дигар шахсиятҳои шинохтаи ноҳия ва мамлакат оид ба хислатҳои накӯи ин марди хирад сухан гуфтанд. Суруди ҷонгудози устод Муродбеки Насриддин – “Фарзанди падар гум кардаам” аҳли толорро ба ёди гузаштагонашон бурд. Дӯстону ҳамкорон ва пайвандони марҳум Шермурод Шарифов бо шунидани ин суруди муассир симои меҳрубононаи марҳумро пеши назар оварда, аз марги ӯ афсӯс мехурданд. Оре, он рӯз ҳама ҷо ёду сухани Шермурод Шарифов буд. Назарҳо ӯро меҷустанд, дилҳо ба ёдаш мезаданд, зеро ӯ марде буд, ки бо номи накӯ зист. Саъдӣ гӯё маҳз барои шахсоне чун шермурод фармуда:

Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро…

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>