Бунёди боғи нав дар заминҳои бекорхобидаи чарогоҳ аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ

мастчох бог

МАСТЧОҲ. Кормандони кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ, ки аъзои ташкилоти ҳизбии «Заминсоз» ҳастанд, тасмим гирифтанд, ки бо бунёди боғи нав дар заминҳои бекорхобидаи чарогоҳе Наврӯзи имсоларо хотирмону зебо таҷлил намоянд. Дар рӯзи нахустини бунёди боғи нав дар масоҳати 3 га беш аз 400 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шудаанд. Масоҳати боғ калон мешавад. Кӯшиш мекунем, ки дар навбати аввал беш аз 5 га боғи нав бунёд намоем. Имрӯз дар масоҳати 3 га мо дарахтони мевадиҳандаи бодом, сиёҳолу, зардолу ва олуча шинонидем. Ҳолати дарахтон хуб буда, боварӣ дорем, ки нағз инкишоф меёбанд. Боғи зебое мешавад, ки ҳам ба табиат ҳусн ва ҳам ба инсонҳо нафъ мебахшад, — мегуяд  Р. Рустамзода, раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ва раиси ТИ «Заминсоз». Бояд иттилоъ дод, ки ТИ ҲХДТ «Заминсоз» яке аз беҳтарин ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Мастчоҳ буда, аъзои он дар ҳама чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ноҳияи Мастчоҳ ноҳияи кишоварзист ва ба рушди боғдорӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Айни замон дар ноҳия 1300 га боғ мавҷуд аст, ки аксари онҳо ҳосили дилхоҳ медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>