Бонувон-ҳамқадами замон

ДЕВАШТИЧ. Бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Шӯъбаи занони КИ ҲХДТ ва Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Деваштич мулоқот бо бонувон таҳти унвони «Зан ёвари истиқлол» баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ҷалби ҳарчи бештари духтарону бонувон ба ҳунарҳои мардумӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани ҳисии ватандӯстиву хештаншиносӣ, пос доштани фарҳанги миллӣ, тарбияи фарзандону ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, хизмат ба Ватан-Модар буд. Зеро онҳо дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи ҳаёти имрӯзаи мо саҳми арзандаи занону бонувон низ назаррас мебошад. Дар ҷорабини махсусан қайд гардид, ки ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати Зан-Модар рӯз аз рӯз зиёд гардидааст. Баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти духтарону занону Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда истодааст. Инчунин иштирокдорон баҳри дар амал татбиқ гардидани нақшаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои дар пеш истода таманиётҳои неки худро изҳор карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>