Таҷлили иди Наврӯзи Аҷам

гулистон навруз

ГУЛИСТОН. Бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст. Иди фархунда ва бостонии миллиамон — Наврӯзи Аҷам бо қадамҳои баҳорона ба табиати куҳандиёрамон ҳусни нав, ба хонадони мардуми кишварамон шодиву нишот, файзу баракат ва ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб ҳадя меорад. Аз қадимулайём то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию насофат ва бедорию заҳмат мебошад. Бо мақсади  пешвоз гирифтани  Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Гулистон, шаҳрвандон дар шаҳраки Сирдарё, даромади шаҳри Гулистон, назди бинои шуъбаи маориф, бахши фарҳанг бо дастгирии ташкилотҳои ибтидоии шаҳраки «Сирдарё», «Маркази тарбиявӣ», «Бахши фарҳанг», «Қолинҳои Қайроққум», «Суғдмоҳӣ», осоишгоҳи «Баҳористон» чорабиниҳои фарҳангӣ, башида ба Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ, бозиҳои варзишӣ, ороиши дастархонӣ Наврӯзӣ ҳафт шину ҳафт мин ташкил ва баргузор карда шуданд. Дар он намояндагон аз Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон иштирок доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>