Тантанаҳои ҷашни Наврӯз

ХУҶАНД. Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик — Наврӯз  чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон  бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашни бузург аз оғози айёми эҳёи табиат муҷда расонида, ба ҳар як хонадон нишоту хуррамӣ ва рафоқату саодат эҳдо менамояд. Бахшида ба ин ҷашни миллӣ дар ташкилоти ибтидоии “Хуҷандобуканал”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  чорабинии идонаи Наврӯзӣ ташкил ва баргузор гардид.  Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ширкат варзида, аҳли кормандони коргоҳро ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз аз номи кумиҷроияи шаҳрӣ табрику муборакбод намуд ва дар вазъияти тантанавӣ ба аъзоёни фаъоли ҳизб Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳриро тақдим кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>