Забони бурида беҳ аз дуруғгӯӣ…

андеша 2

АНДЕША. Чун аз ҷаласаи солонаи Ҷенева доир ба масалаи ҳуқуқии  инсон ва демократия, ки санаи 20 феврали соли равон баргузор гардид огоҳ гардидем ва маълумамон гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 20 давлати дигар, ки гӯё дар он ҳуқуқҳои инсон поймол гардидаву асосҳои демократия риоя карда намешавад ҷой доданд, сараввал ба иштирокчиёни ин ҷаласа ва ашхосе, ки ононро шахс номидан ҳам мақбул нест, яъне намояндагони бо ном ташкилоти навтаъсиси ҷамъияти «Форуми озодандешони Тоҷикистон» нафрин хондем. Андеша бояд кард, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Темур Ворқӣ ки ҳастанд ва дар куҷо зиндагиву фаъолият доранд? Оё «Форуми навтаъсиси онҳо дар ягон мақомоти масъули давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъияти ба қайд гирифта шудааст? Ва ин «ашхос» бо кадом афкору рафтор ва амалҳои худ «озодаандеш» ҳастанд? Инҷо чанд андешаҳое мавҷуданд, ки ба ин саволҳо ҷавоб посух хоҳанд буд. Аз ҷумла фанатизими динӣ, норизо будан аз вазъи кунунӣ, бинобар ботинаи ҳасуду ботил будан, қурбон ва маҳф кардани фардҳои номдору масъул, барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, яъне мансабу мансабхоҳӣ ва курсинишинӣ, дар ин васила тарсондани рақиби сиёсии худ. Ин нишонаҳои зоҳирӣ ва ноаёни терроризм аст. Ононе, ки берун аз Ватан ба хотири расидан ба ҳадафҳои асосии хеш доири вазъи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати он, ки гӯё принсипҳои демократия риоя нагардида, ҳуқуқҳои инсон поймол шуда, воситаҳои ахбори оммаву ҷурналистон зери фишору тарс қарор доранд, бонг мезананду аз минбарҳои созмону ташкилотҳои ифротгаро оид ба ин масъала суханрониҳо мекунанд, лухтакони хоҷагони сарпарасту таъмингари хеш ҳастанд. Барои ин «ашхос» меваи «Ватан», «Модар», «миллат» ҳеҷ аҳамияте надорад. Чашмони эшонро маблағҳои гирифтаашон кур карда ақлу хирадашонро рабудааст. Ин тоифа шабеҳи  ҳайвоне ҳастанд, ки дар кадом вазъе набошад шикамашон сер бошад. Онҳо аз эҳсосу дарк орӣ ҳастанд. Аминем, ки аз ӯҳдаи иҷрои ягон амале баромада наметавонанд. Танҳо ду-се сухане аз худ намуданд, ки онро баҳри сиёҳ намудани кишвари худ ва тавсифи хоҷагонашон истифода мебаранд. Суханбозии онҳо ҳатто иштирокчиёни форумро низ ҳайрон сохта, афкори онҳоро низ тағйир додааст, ки изҳори ҳамдардӣ намудаанд. Ба ақидаи ин лошахурон гӯё иштирокчиён ба вазъи Тоҷикистон ҳамдарди намуда бошанд. Агар ба решаҳои навиштаҷоти хадамоти матбуотномаи дуруст андеша биронем, мебинем, ки иштирокчиёни форум ба ҳоли онҳо ҳамдардӣ намуданд. Он сагони аккасӣ андеша намекунанд, зеро мантиқро намедонанд, ки касе Ватани худро эҳтиром намекунад, дигар кишварро умуман ба эътибор намегиранд ва он рӯз дур нест, ки рӯй аз он гардонида, ба хотири пулу моли бедардимиён ғуломи ҳоҷаи дигаре хоҳад гашт. Магар иштирокчиёни форум бехабар аз онад, ки дар Тоҷикистон ҳама табақоти мардум дар фазои озоду ором зиндагӣ доранд. Маълум аст, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷабҳаҳо рӯ ба ташаккул дорад. Мардуми Тоҷикистон аз зиндагии хеш ба куллӣ ризо ҳастанд ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ менамояд. Бояд тазаккур дод, ки хоинони Ватанро дар ягон давру замон ягон пас набахшидааст. Бовари дорем, ки он тарғиботу ташвиқоте, ки бар зидди ватани собиқашон мекунанд, бештар душманони миллати тоҷик аз он истифода мебарад. Онҳое, ки имрӯз аз Ватан фирор намуданд, фаромӯш кардаанд, ки худ дар  инҷо чашм ба дунёи равшан кушода айни ҳол бошад бо чашмони кур сиёҳӣ бар ин сарзамин мехоҳанд. Он рӯз дур нест, ки чашми тааррузи бози имрӯзаи онҳо кур хоҳад гашт. Носири Хисрав хуб фармуда:

Зи хоин дур бош, эй дӯст ҳамвор,

Ки хоинро набошад дил ба як бор.

 

Аминҷон Исмоилов ва Илҳом Болтаев

собиқадорони ҲХДТ, ноҳияи Зафаробод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>