Ташкилоти террористӣ – экстремистӣ шинохтани ҲНИТ – ҳалномаи сарнавиштсоз барои ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ

АНДЕША. Бояд хотирнишон сохт, ки дар ҷумҳурии мо падидаи номатлуби ислом — ниқоби ҳизббозии динӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-ум бо роҳандози гардидани «перестройка»-и горбачёвӣ оғоз ва дар як муддати кӯтоҳ тамоми ҳудуди ҷумҳуриро бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаро гирифт. Маҳз  ба майдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифротӣ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд.   Бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90-ум ба ташкили гирдиҳамоиҳо оғоз кард, ки он дар ниҳояти кор ба бархӯрдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шарҳвандӣ оварда расонид. Натиҷаи амали онҳо буд, ки вилояти овозадори Қӯрғонтеппа ба майдони набардҳои бародакушӣ табдил ёфт ва садҳо ҳазор сокинони он ба Афғонистон ва ҷумҳурии собиқ Шуравӣ фирорӣ гардиданд ва корхонаҳои азими саноатии он аз кор монданд. Бояд хотирнишон сохт, ки соли гузашта дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи басо муҳим рух дод, ки бо қарори Суди Олӣ фаъолияти ҲНИТ манъ ва он ҳамчун ташкилоти террористӣ –экстромистӣ шинохта шуд. Сарони ин ҳизби ифротӣ пас аз эъломи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон сару садо баланд намуда, ин қарори судро хостанд дар чашми ҷаҳониён нақзи Конститутсияи ҷумҳурӣ арзёбӣ намоянд. Ин ҳалномаи сарнавиштсози барои ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ муҳимро судяи Суди Олӣ Шамс Азизов, ки ӯ аз тамоми ҷузъиёти ин парванда ба хубӣ огоҳ аст, қабул намуда буд. Аз ин рӯ, ӯ дар суҳбаташ бо рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур тамоми ҳадафҳои нопоки ин ҳизби ифротӣ ва хоҷагони хориҷии онро боз ва ба ҳамагон маълум сохтааст. Аз ҷумла, мавсуф зикр намудааст, ки дар «5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судӣ қабул карда шуданд, 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд». Чӣ тавре ки мебинем, ба туфайли фаъолияти пайваста мақомоти қудратии мо тавонистанд, ки ин амалҳои ҷиноятии аъзо ва роҳбарони сатҳҳои мухталифи ин ҳизбро муайян ва даст доштани онҳоро дар амалҳои террористӣ исбот ва онҳоро тибқи қонун муҷозот намоянд.

Азимова Н.- дотсент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>