Мулоқот доир ба рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ

заф

ЗАФАРОБОД. Дар толори коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод вохӯри ва мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз бо омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи мазкур баргузор гардид. Дар ин муловот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мудири бахши кор бо занон ва оила Азизова Раҳима, корманди бахши ҷавонони ноҳияи Зафаробод Зулфиқорзода Заррина иштирок намуданд.   Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз дар баромади худ қайд намуд, ки Соли 2018 дар кишвари азизамон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гаштааст ва гумон мекунам, ки чунин иқдом воқеан саривақтӣ ва ба манфиати халқамон аст. Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим мардони соҳибҳунарро ситоиш ва маҳсули дастонашонро барои пеш бурдани зиндагӣ истифода мебурданд. Доштани чанд ҳунар барои инсон боиси ифтихор буд ва мақоли халқи мегуяд: «Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст». Инчунин дар баромади худ доир ба манфиатҳои рушди сайёҳи ба буҷети давлати инчунин соҳиби шуғл гардидани занону духтарони хонашин, меъёрҳои ҳавасмандгардонии ҳукумату давлат оиди аз андоз ва боҷии гумруки озод намудани ҳунармандон маълумоти муфассал дода гузашт. Бояд таъкид намоем, ки ҳангоми гузаронидани мулоқоти мазкур намоиши ҳунари донишҷӯён низ ба роҳ монда шуда иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз аз онҳо дидан кард. Пас аз баромад мулоқоти озод миёни донишҷӯён ва меҳмонон баргузор гардид.  Дар фарҷоми мулоқот ба якчанд донишҷӯёни фаъоли коллеҷи политехникии ноҳия шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>