Шумо танҳо нестед-Мо бо Шумоем!

СПИТАМЕН. Чун  аёдату  дастгирии маъюбону ниёзмандон, оилаҳои камбизоат  ва бепарасторон яке аз самти асосии сиёсати дохилии кишвар асту, эҳтиёҷмандон ҳама вақт дар мадди аввали   Раиси бохиради ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, кумитаи иҷроияи ноҳияи Спитамен низ тасмим гирифтааст, ки идомабахши  ҳадафҳои олии кишвар ва сиёсати оқилонаи Раиси бохиради ҲХДТ-ро дар амал татбиқ намояд. Бо ин мароми нек  кормандони Кумитаи иҷроия бо сарпарасти ташкилоти ибтидоии «Бозори Шукрона» филиали Иттиҳодияи Миллии Маъюбони Тоҷикистон дар ноҳия бо сарварии Убайдуллоева М ба 9 нафар маъюбон аз оилаҳои камбизоат: Эргашеваҳо, Ибодоваҳо, Муратовҳо, Отаҷоновҳо, Эгамназароваҳо, Ҳоҷимуродоваҳо, ки дар як оила аз як то  чор нафар маъюбон ҷисмонан заиф асту қобилияти ҳаракат карданро надоранд зиндагӣ мекарданд ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватани собиқадори меҳнат пири 97 сола аз ҷамоати деҳоти Тағояк, бо маводҳои хўрока аёдат карда шуданд. Аёдатшудагон аз  чунин ташрифу таваҷҷӯҳ   хеле шод гардида. ашки шодии худро пинҳон накарда онҳо иброз доштанд, ки  аз боиси чунин Сарвари хирадманду ғамхор боре ҳам маъюб ва ё танҳо  будани худро эҳсос накардаанд. Дар ин радиф аёдатшудагон ва аҳли оилаашон барои дастгирӣ ва таваҷҷӯҳӣ зоҳиршуда нисбати онҳо Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва инчунин кумитаи иҷроияи ноҳияро дуои нек карда дар моҳи аввали фасли баҳор моҳе,ки як қатор идҳои миллӣ ҷашн гирифта шуданд бо як иқдоми нек эҳсонкори, аёдату хабаргирии шахсони барҷомонда  як рӯҳияи баланд бахшида шуд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>