Аъзоёни нав ба сафи ҳизб қабул гардиданд.

ҷр аъзо

ҶАББОР РАСУЛОВ. Кормандони Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро барои ҷалби аъзоёни нав ба сафи ҲХДТ ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод, мудири шуъбаи омори КИН ҲХДТ Отабоев Пӯлодҷон дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз» дар МТМУ №5 дар фазои тантанавӣ ба 6 нафар аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида, таъкид намуданд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ барои ҷалби бештари аъзоён фаъол бошад. Сафи ҳизбро мо бояд аз ҷавонони фаъолу болаёқат, шахсони Ватандӯсту Ватанпараст пур созем. Қабули аъзоён ба сафи ҳизб дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ давом дорад

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>