Дастгоҳи худсохти худкори хоҷагон

андеша

АНДЕША. Дар Тоҷикистони азиз ҳанӯз аз замони соҳибистиқлолии кишвар ва марҳилаҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ аз фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дод омада, нафрати хешро ба он баён медоштанд. Бахусус ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани Тоҷикистон аз ҷониби пайравон ва аъзоёни наҳзат, ки бо супориши хоҷагони хориҷӣ амалӣ мегардид, боиси нафрати мардум ба ин тоифа нохалафон буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос ва дарк мекард, ки паси ин ҳама нафрату найрангҳои наҳзатӣ манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ нуҳуфтааст. Иддае аз фарзандони гумроҳи миллат он замон хостори барангехтани кинаву адовати милливу динӣ байни ҳамватанон гардида, аз худ, доно, оқил ва олими ислом тарошида, мардумро рӯйрост ба сӯи ҷаҳолату торикӣ ва яъсу ноумедӣ раҳнамоӣ мекарданд.             Ҷавононро ба доми фиреби худ кашида, мағзҳояшонро бо андешаву фатвоҳои беасоси худ пур карда, бо дасти онҳо ғаразҳои нопоки худро амалӣ менамуданд. Махсусан барои ҷалби ҷавонон, ки дар ҳама давру замон нерӯ ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ва қишри таҳрикбахшанда маҳсуб меёбанд, наҳзатиҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҷавонони дониши кофӣ надошта, мушкилидошта ва ё руҳафтодаро бо сураву оятҳои ба хости худашон тарҷумаву мувофиқкарда ба сафҳои худ ҷалб менамуданд. Бо дасти ҷавонони ноогоҳ хонаи худашонро оташ ва падару модару фарзандашонро ваҳшиёна ба қатл мерасониданд ва бар ивази ин амалҳои нангину нафратовар барояшон биҳишт ваъда мекарданд. Гӯё он замон ва то ҳол наҳзатиён барои тақсимоти дӯзах ва ё биҳишти он ҷавонон масъуланд. Рӯйрост мардумро ба ҷиҳод ва ё ба истилоҳи худашон ба “ҷанги муқаддас” даъват намуда, зикр медоштанд, ки ба қатлу куштори онҳо “фариштаҳо кӯмак мекунанд”. Албатта аз нигоҳи дини мубини ислом қатлу куштор ва ваҳшоният ҳаром буда, ҳамагон ба чунин бешарафон нафрат доранд. Аз табори чунин бешарафоне, ки ба Ватан – модари худ хиёнатро раво мебинанд ва ба нафрату наълати кулли мардуми шарифи Тоҷикистон гирифтор шудаанд аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошанд Кас бо дидану шунидани амалҳои ваҳшиёнаи онҳо, бахусус амалҳои разилонаву хиёнаткоронаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш гумон мекунад, ки онҳо гӯиё аз модар ба дунё наомада, балки ҳамчун дастгоҳи худсохти хоҷагон худ ба худ чунин ба дунё омадаанд ва ё аз ҷониби хоҷагонашон сохта шудаанд. Дар қалбашон заррае муҳаббат ба Ватан, ки аз гӯшаи имондорӣ ба ҳисоб меравад мавҷуд нест. Дар вуҷудашон меҳру навозиши модарона ва меҳр нисбат ба модар, ки баробар бо Ватан арзиш дорад ҷой надорад. Дар андешаашон заррае ободкориву созандагӣ ва пешрафту шукуфоии Ватан, ки аз қарзи имониву виҷдонист мавҷуд нест. Пас месазад, ки инҳоро дастгоҳи худсохти худкори хоҷагон унвон кард.Ҷавонони азизи моро зарур аст, ки аз ин тоифа ватанфурӯшон ва зархаридони хоҷагон канораҷӯӣ намуда, бар муқобили ин нохалафон муборизаи беамон барем. Нагузорем, ки моро ба доми фитнаву найранг ва балову вабои худ кашанд! Ба тафриқаву фитнаҳои онҳо дода нашуда, набояд зараре ба кишвару халқи азиз расонем!

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>