Аёдат нафақат дар рӯзҳои ид…

ШАҲРИСТОН. Дар асоси  дастуру супоришҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти мамлакат Раиси Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон  аз 10 феврали соли 2014-ум ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии ба 101 ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ вобаста гардидаанд, ки онҳо дар масъалаи нигоҳубину парастории бошандагону тарбиягирандагон доимӣ кумаку ғамхорӣ мекунанд. Чи хеле, ки Ҷанобӣ Олӣ таъкид намуданд: “Чунин амали хайру савоб боиси хурсандии бошандагони муассисаҳои иҷтимои  ва боз ҳам беҳтар шудани шароити зиндагиву таҳсили онҳо мегардад.  Илова бар ин, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба номи ятимон суратҳисоби махсус кушода шудааст, ки шахсони хайрхоҳ метавонанд фитри рӯза ва дигар кумакҳои молиявиро ба суратҳисоби онҳо гузаронанд. Ашхоси доро ва сарватманд низ бояд саъй кунанд, ки садақаашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик, ҳамсоягон ва одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд диҳанд. Ё маблағҳои худро ҳамчун садақаи ҷория барои обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек сарф кунанд, ки он хайри солеҳ мебошад. Боиси хушнудист, ки чунин амалҳои хайрхоҳона аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша ба ҳукми анъана даромада истодааст…” Ин суханони пурмазмун моро водор месозад, ки нафақат дар рӯзҳои иду айём балки ҳамавақт аз ҳолу аҳволи оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, шахсони яккаву танҳо  хабар гирем бо ин мақсад  дар асоси супориши раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Қодирӣ Рустам ҳар ҳафта рӯзи якшанбе  шахсони мазкур аёдат карда мешаванд. Инчунин ҳафтаи гузашта Яке аз оилаҳои камбизоат ва як нафар фарзандашон дар ҷанги шаҳрванди бе ному нишон гаштааст аз тарафи роҳбари бахши ТҶҶ “Созандагони ватан” аёдат карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>