Иштироки русдухтар дар Наврӯз

ДЕВАШТИЧ. Бо ифтихормандии беандоза бояд зикр намуд, ки бо иқдомқои наҷибона ва сайю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашнвораҳои таърихию миллӣ ба хусус Наврӯзи оламарӯз cap то сари ҷумҳурӣ ва берун аз он бо як шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. Боиси хушнудист, ки имсол ҷашни Наврӯз дар ноҳия дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои Иди Наврӯз ба ноҳия меҳмонони бурунмарзй ташриф оварданд. Зеро Точикистон ватани Нарӯз буда, ба манҳои томаш ба як ҷашнвораи байналмилали табдил ёфт. Яке аз ин меҳмонон Екатерина Дашкевич мебошад. Ӯ хатмкардаи факултаи телевизиони Донишгоҳи федералии Сибир мебошад. Ҳоло бошад дар телевизиони Красноярск фаъолият дорад. Ҳамчунин коргардони филми ҳуҷҷатии «Сибирские тадҷики» буда, оид ба фаъолияти тоҷикони Красноярск — донишҷӯёну варзишгарон ва табибону тоҷирони муваффақ ҳикоят мекунад. Филми ҳуҷҷатии «Тоҷикони Сибир» (Сибирские тадҷики)-и омода намудаи ӯ дар намоиши «Поколение мулҳтимедиа» (Насли чандрасонаӣ)-и Озмуни IX умумирусиягии «СМИ ротвореӣ-2017», ки моҳи ноябр дар Маскав баргузор гардид, дар байни 9113 намоиш мақоми 3-юмро ишғол кард. Ба мо муяссар гардид, к ибо ӯ мусоҳиб шавем.

Чӣ сабаб гардид, ки Шумо филми «Сибирские тадҷики»-ро омода намудед?

 Ман бо ҳаммуаллифони тоҷикам Қурбон Ҳакимов ва Афзал Сатторов дар студияи Телевизионии Донишгоҳи Федералии Сибир (Сибирского Федералҳного Университет ) шинос шудам. Дар студия ба мо оиди омода намудани лоиҳаҳо дар бораи фарҳанги миллӣ супориш дода шуд. Лоиҳа хеле шавқовар ва таъсирбахш буд. Манн оиди фарҳанги миллати тоҷик ягон маълумот надоштам. Вақте ки Қурбон ва Афзал оиди фарҳанги тоҷикон ҳарф заданд ба манн ҷолиб буд. Ҳамин тавр ғояи филми «Тоҷикони Сибир» (Сибирские тадҷики)-и пайдо шуд. Мо омода намудем.      

Оё дар оянда нақшаи омодани намудани филм дар бораи Тоҷикистон доред?

Ман дар рафти саббти филми «Тоҷикони Сибир» оиди фарҳанги мардуми тоҷик бисёр чизҳоро омӯхтам. Ман мехоҳам ягон лоиҳаро дар замини Тоҷикистон сабт намоям. Дар омода намудани филми ҳуҷҷатӣ аз ҳама асосаш қаҳрамон мебошад. Дар оянда бо пайдо шудани имкониятҳои лозима мо ин орзӯро амалӣ месозем.

Бештар ба Шумо чи писанд шуд дар Тоҷикистон?

Аз ҳама асосаш сарвати Тоҷикистон-ин сокинонаш. Манн фикр мекардам дар омал алакай инсонҳои ғамхор дилсӯз намондаанд. Аммо вақте, ки ба Тоҷикистон омадам ҳаррӯз манн бо мардуми меҳрубону раҳмдил ва меҳмондӯст, ҳамеша барои кӯмаку мадад тайёрро дидам. ин иқдомҳо маро ба ҳайрат овард ва хеле мамнун гаштам. Ва албатта маро меҳмондӯстии мардуми тоҷик мафтун кард.

Оиди чорабинии Наврӯзии ноҳияи Деваштич чи андеша доред?

Дар Тоҷикистон шаҳрҳои зебо зиёданд. Аммо орзуи ман ин буд ки дар яке аз ноҳияҳои дурдаст иштирок намуда аз урфу одат ва оинҳои онҳо дидан кунам. Барои ҳамин ҳам дар чорабинии наврӯзии ноҳияи Деваштич иштирок кардам. Барои ман як муваффақият буд. Манро дар чорабинии наврузии Шумо Акмал Ҷумаев даҳват намуд. Ба ӯ миннатдори самимии хешро изҳор менамоям. Ман ифтихор аз он дорам, ки дар чунин чорабинӣ ширкат варзидам ва барои худ таассуротҳои наҷиб гирифтам. Зеро мардуми ноҳия бо як самимияти хос манро пазироӣ намуданд. Ман аз ин чо маданияти воло ва бо фарҳангии миллати тоҷикро бараъло дарк намудам.

Зеро бе мақсад нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд. Меҳмондӯстии мардуми тоҷик, тамаддуну фарҳанги воло, обҳои мусаффо, куҳҳои осмонбус ва мавзеҳои таърихияш ҳамагонро мафтуну шайдо кардааст. Агар имрӯз дар тамоми манотиқи кишваром назар афканем бо сайёҳону хориҷиён рӯ ба рӯ мешавем. Ин далолат аз он медиҳад, ки ҷаҳониён мехоҳанд ба  Тоҷикистон ташриф оваранд. Акнун моро зарур аст, ки барои меҳмонони хориҷӣ шароит фароҳам оварем. Зеро рушд ёфтани сайёҳӣ дар мамлакат ин яке аз самтҳои даромад ба буҷаи давлату алоҳӣ мебошад. Имрӯз барои ноил гардидан ба ҳадаф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Мусоҳиб: Лоиқ Тӯйчиев ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>