Таъсиси гуруҳҳои нави ҳунар дар литсейи дӯзандагӣ

КОНИБОДОМ. Дар доираи эълон гаштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори роҳбарии аъзои фаъоли ҲХДТ Заррина Раҳимҷонова муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом гуруҳҳои нави ҳунаромӯзӣ таъсис дода шуд. Маҳфилҳои нави қолинбофӣ, гаҷкорӣ ва қаннодӣ аллакай даҳҳо шогирдонро дар ҳалқаи худ фаро гирифтааст. Ба касбомӯзон мураббиён ва устоҳои соҳибтаҷриба машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида, нозукиҳои ҳунарҳоро меомӯзонанд. Имрӯзҳо касбомӯзон ҳам аз худи шаҳри Конибодом, инчунин аз шаҳрҳои Исфара ва ноҳияи Панҷ низ дар ин боргоҳ ҳунар меомӯзанд, ки бо хобгоҳ ва дигар шароитҳои таҳсил таъминанд. Алҳол дар ин ҳунаристон 13 гуруҳ амал намуда, дар онҳо 278 нафар хонандагон касб меомӯзанд. 45 нафар омӯзгорони асосӣ, 8 нафар устоҳои таълимӣ дари илму ҳунарро ба рӯи ҷавонон боз мекунанд. Ҷомеаи меҳнатии таълимгоҳ кӯшиш бар он доранд, ки барои шароит муҳайё намудан ҷиҳати омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ тамоми имконотро равона намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>