Гусели ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ

истиқлол

ИСТИҚЛОЛ. Санаи 2-юми апрели соли равон дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол маросими гусели ҷавонони шаҳр ба сафи Артиши миллии кишвар ташкил ва гузаронида шуд. Рафти баргузории чорабинӣ Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Боқиев М.Г. низ ҷавононро барои   мушарраф гардидан ба унвони аскарӣ табрик карда, қайд намуд, ки имрӯз дар кишварамон, махсусан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шароит барои хизмати аскарон хуб муҳайё гардидааст ва итминон аст, ки онон бо сари баланд хизмати модар-ватанро адо менамоянд. Тибқи иттилои комиссари ҳарбии шаҳр Б.Бобоев даъвати ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ дар рӯзҳои наздик дар шаҳри Истиқлол чун ҳамасола пурра иҷро хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>