Аёдат – амали хайр

АШТ. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз Барномаи ҳизб бармеояд, ин дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, шахсони барҷомонда маҳсуб меёбад. Рӯзи гузашта аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дидорбинии маъюби гурӯҳи I Мирзоев Ғоибҷон, ки тӯли якуним сол дар бистари беморӣ хобидааст, ба амал оварда шуд. Зимни сӯҳбат зикр карда шуд, ки маъюбону барҷомондагон ҳамешагӣ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тамоми чораҳо баҳри он андешида мешавад, ки онҳо худро аъзои комилҳуқуқи ҷомеа ҳисобанд. Ва тамоми шароитҳо баҳри беҳбудӣ бахшидани саломатӣ ва зисту зиндагии чунин ашхос равона гардидааст. Ба аёдатшаванда маводи хӯрока ва кӯмакпулии яквақта расонида шуд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>