Ҷавонон бар зидди терроризм ва экстримизм

конибодом ччавонон

КОНИБОДОМ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли ҷорӣ дар толори коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом бо иштироки ҷавонон, волонтёрони бахш, идроргирандагон ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбӣ теъдоди 40-нафар иштирокдорон дар мавзӯи «Мо ҷавонон бар зидди терроризм ва экстримизм» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсин Муродзода, ҷонишини сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом полковники милитсия Бобозода Ҷамшед Ҳадя, нозири кор бо ноболиғон ва ҷавонон лейтинанти калони милитсия Суҳроб Маҳмудов, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Абдураҳимхонов Беҳзод ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Комилов Ихтиёр, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ Шарипов Акмал ширкат намуданд.Кори мизи мудавварро мудири бахш оғоз намуда, оид ба мавзӯи «Ҷавонон бар зидди терроризм ва экстримизм» сухан намуд. Баъдан намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон Муродзода Муҳсин ба сухан баромада баён дошт, ки ҷавонон набояд ба ваъдаву дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгаро фирефта гарданд. Намояндаи ШВКД дар шаҳри Конибодом полковники милитсия Бобозода Ҷамшед Ҳадя чанде сухан намуда, аз тақдири ҷавононе, ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро гардида, ҳаёти худ ва хешовандонро зери хатар гузоштаанд, ёдоварӣ намуда, аз ҷавонон  даъват бар он намуд, ки ояндаи худро дуруст фикр намуда, пайваста ба касбомӯзӣ ва донишандӯзӣ машғул шаванд.Дар ҷараёни мизи мудаввар ҷавонон фикру андешаҳои худро оиди мавзӯи матраҳгардида баён дошта, иштирокдорони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд. Баъди ба анҷом расидани кори миззи мудаввар ҷавонон дар маркази шаҳри Конибодом аксия баргузор намуда, ба шаҳрвандон варақаҳои тарғиботиро доир ба мавзӯи мазкур тақсим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>