Оғози кишти пахта

ҷр оғози кишти пахта

ҶАББОР РАСУЛОВ. Нимаи дуввуми санаи 2 апрели соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Салимзода Комил дар хоҷагии деҳқонии «Тӯйчибой»-и АИО «Нурафшон», ки дар Ҷамоати деҳоти Гулхона ҷойгир аст, бо пошидани пунбадонаи хушсифат ба мавсими кишти имсолаи пахта оғоз бахшиданд. Зимни суҳбат бо аҳли заҳмат роҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуданд, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов ноҳияи кишоварзист ва ба кишту парвариши пахта аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Мавсуф дар идомаи суҳбат аз дастгириҳои давлат, имтиёзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имкониятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ёдоварӣ намуда, изҳори итминон кард, ки мардуми пахтакори ноҳия чун бобову падарони худ камари ҳиммату мардонагӣ баста, бо таъмин намудани дурнамои истеҳсоли пахта бори дигар устоди пахта ва меҳнатдӯсту муваффақ будани хешро исбот менамоянд.  Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Салимзода Комил изҳор дошт, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов айни замон зиёда аз 2000 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд, ки асосан ба кишту парвариши пахта машғуланд. Соли 2018  дурнамои кишти пахта дар ноҳия 6000 га муқаррар гардида, дурнамои истеҳсоли пахта бошад 13 000 тонна ба нақша гирифта шуда аст. Бовар дорем, ки кишоварзони ноҳия дурнамои кишт ва истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро мекунанд, зеро барои ноил шудан ба чунин натиҷаҳо ҳамаи имкониятҳо дар ноҳия фароҳам аст. Дар баробари пахтакорӣ хоҷагидорони ноҳия ба кишту парвариши гандум ва пиёзу картошка низ машғул буда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>