Инсонсуратони ҳайвонсират

андеша

АНДЕША. Бешак рафтору кирдор ва амалкарди хоинони миллати тоҷик террористони наҳзатӣ, анҷумани бо ном озодандешон, гуруҳи 24, ҷунбиши ислоҳотгарон ва амсоли инҳоро мушоҳи намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин хиёнаткорони лаъин ҳатто мавридҳое расида истодааст, ки аз ҳайвон низ ягон фарқ надоранд. Балки танҳо сураташон аз ҳайвон фарқ мекунаду сираташон маҷмӯи амалҳои ҳайвонигариро дарбар мегирад. Бузургони илму адаби тоҷик ҳанӯз зикр намуда буданд, ки инсон агар дорои ақлу тамиз ва ирдоку ҳуш намебуд аз ҳайвон ягон тафовуте надошд. Бахусус ба бар намудани либоси зебову худро бо он андармон кардан, бандаи ҳавову ҳавас ва нафс шудан инсонро ба сӯи ҳайвонӣ мекашад. Чунон чӣ, ба андешаи бузургмарде:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

Дар баробари ин бояд хоинони миллати тоҷик дониста бошанд, ки танҳо сурати зебо нишонаву бақои инсон набуда, балки сирати зебо, доштани ақлу тамиз ва ба роҳ мондани хислати неку ҳамидаи инсонӣ муаррифгари инсон аст.

Сурати зебо мабин, бар сирати зебо нигар,

Ақл дар сурати зебо нест, андар сират аст.

Бояд ин ноҷавонмардон, ки бар муқобили амнияту субот, оромиву якдилӣ ва ваҳдати миллӣ садо баланд мекунанд дарк ва эҳсос намоянд, ки сулҳу ваҳдат ва тинҷиву осудагӣ бо кӯшиш ва талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои маҳбубу муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми азияткашидаи тоҷик ба даст омада, дигарбора мардум намегузорад, ки нохалафони наҳзатӣ ва хоҷагонашон ба кишвари мо осебе расонад. Маҳз сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ ва тамоми бесарусомониҳои он замон аъво ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзатӣ ва иддае аз ноҷавонмардони тоҷик буданд. Мардум дарк мекунад, ки маҳз бо пайдо шудани ҳизби наҳзати ислом ва ҷудокунии мусалмонон бо мусалмони ҳуҷҷатдор ва беҳуҷҷат, коштани тухми тафриқаву адоват байни мусалмонон, гузорштани ришҳои бенизом ва ба бар намудани либосҳои сиёҳу кутоҳ, тақликдорӣ ба фарҳанги бегона аз ҷониби наҳзатиҳо ва занону духтарони онҳо буд, ки мардумро ба сӯи бефарҳангиву ҷаҳолат кашида, боиси хонавайронии чандин оилаҳои солим гардид.

Сурататро чи кунам гарчи надорӣ сирате.

Кас ба як ҷав нахарад ин сурати бе сирате.

Бо дарки ин маънӣ, бояд хоинони миллати тоҷик, наҳзатиҳое, ки худро ҳомии дини мубини ислом мепиндоранд, онҳое, ки худро озодашдеш ва онҳое, ки худро ислоҳотгар мешуморанд бояд барои дарки маънӣ, омӯзиши илму дониш камар банданду, даст аз хиёнаткорӣ бардоранд. Зеро дар ягон давур замон хиёнаткорро Ватан, миллат, ҳамватан, падару модар ва ҳатто дину маҳзаб низ намебахшад. Аз ин нуқтаи назар бо байти зерин иктифо мекунем, ки:

Рав, ба маънӣ кӯш, эй суратпараст!

З-он ки маънӣ бар тани сурат пар аст.

Дар баробари ин ба ҷавонони саодатманди Ватани маҳбуб муроҷиат менамоем, ки бояд аз пайравӣ ба ин гумроҳон, инсонсуратони ҳайвонсират канораҷӯӣ намоем, зеро инҳо на ба модар, на ба падар, на ба Ватан, на ба миллат, на ба мазҳаб, на ба зан, на ба фарзанд раҳму шафқат надоранд, ба ҷуз хоҷа. Аз ин рӯ, дар сурати ба домашон афтодан, онҳо шуморо ҳамчун моли муфт соҳибӣ намуда, ҳаёти ояндаи босаодататонро хоҳанд сӯзонид.

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>