Сафи ҲХДТ меафзояд

ашт сафи ххдт

АШТ. Мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизбамон кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт корҳои фаҳмондадиҳиро барои боз ҳам бештар ҷалб намудани аъзоёни нав ва бо ин роҳ сифатан зиёд намудани сафи ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Рӯзи гузашта бо ин мақсад ба як гурӯҳ кормандони муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 ба номи «Истиқлол» дар фазои тантанавӣ ба шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Абдураҳмонов Ш. зимни мулоқот бо аъзоёни нав қабулгардида ёдовар гардид, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб дар такя ба Оиннома ва Барномаи ҲХДТ амал намуда, дар пешбурди сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат фаъол бошанд.  Бояд зикр намуд, ки қабули босифат дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ноҳия бомаром ҷараён дорад  ва масъулин барои ҷалби шахсони содиқ ба узвият вобаста гардидаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>