Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда.

Деваштич Хунарманд

ДЕВАШТИЧ. Агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори адибони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар бораи ҳунарҳои аҷодии мо сухан меравад, ки то замони омада расидааст. Аз ин бар меояд, ки мардуми тоҷик дар рушду нумуи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Ҳунарҳои мардумӣ фарогири ҳамаи қирши ҷомеа буда, ба маҳсули дасти онҳо бояд таваҷҷухи ҳамешагӣ кард. Ҳунарҳои мардумии мо хеле бушумор буда онҳоро омӯзем ва тарғибу ташвиқ намоем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошад.

Усто Хушбахт мегӯяд, ки «Ҳунари ман сарвати ман аст. Аз ҳунар мардум манфиат мегиранд, зеро сарвати шахс ин ҳунараш мебошад. Аз гуфтаҳои усто Хушбахт бар меояд, ки ҳунар инсонро тарбият мекунад ва таъмин менамояд.

Бе ҳунар давлат поянда набошад бас дер.

Давлат он бошад, ки ёби ба ҳунар. А.Рудакӣ

Вақте, ки нисбати як нафар самимияти зиёд пайдо мекунӣ, мехоҳӣ тамоми суханҳои накӯро барояш бигӯӣ. Вақте, ки вориди коргоҳи устои наққош гаштем, дар ҷои кори ӯ як нафари самимӣ, зиндадил, зиндагидӯстор, бетакрору кордон ва дӯстори ҳунари хеш дарёфтем. Рӯ ба рӯ бо Усто Хушбахт нишаста ба чанд суоли худ посух гирифтам. Хушбахт Одинаев зодаи деҳаи Даҳкати Ҷамоати деҳоти Росровут буда, солиёни зиёд бо ҳунари наққошӣ байни мардум обрӯи ба худ хосе пайдо кардааст. Аз овони хурдсолӣ ба ҳунари наққошӣ меҳру муҳаббати зиёд дорад. Зеро ин ҳунар аз бобою падар ба ӯ мерос мондааст. Падараш Одинаев Боқимаҳмад ба 6 нафар фарзандон ҳунари хешро омӯзондааст. Аз ҷумла, яке аз он фарзандон Хушбахт Одинаев мебошад. Маҳсули дасти ин ҳунарманд имрӯз на ин ки дар ноҳия, балки берун аз он дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан кошонаҳои сокинонро ҳусну ҷилои тоза мебахшад. Нақшу нигоре, ки рӯйи чуб меорад, аз дидани он қалби инсон бозҳам мафтуну шайдотар мегардад. Зеро инсон қодир аст, бо дасти худ ҳама чизро офарад. Хушбахти ҳунарманд аз чуб дарвоза, дару тирезаҳои гунонуншакл ва сутунпояҳоро бо нақшу нигор ба таъби дили фармоишгарон бунёд мекунад. Зиндагии худро пеш мебараду рӯзгору ободу осуда дорад.

Бо эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҳунармандон руҳу илҳоми тоза бахшид. Зеро мо ҳунармандон барои бештар вонамуд кардани маҳсули дасти хеш кӯшиш менамоем. Баҳри густариши ҳунарҳои миллӣ ва эхё намудани хунархои мардумӣ  мутобиқ ба талаботи замони муосир намоем.

Барои ҳунарманди асили миллати мо қабул гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ як такони ҷиддие бахшид. Зеро ба онҳо як шароити мусоид фароҳам омад, ки барои хубтару бештар инкишоф додани ҳунари хеш ҳаракати ҳамешагӣ намоянд. Ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муаррифгарии кишвар маҳсуб меёбад. Бигзор ҳунари онҳо писандаи ҳамагон гардад. Маҳсули бо меҳр офаридаи онҳо зебдиҳандаи кошонаҳо бошад. Хушбахт Одинаев шукронаи соҳибистиқлолии ватанро намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард. Дар Донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва берун аз он таҳсил намоянд. Соҳиби маълумот гарданд. Ҳамчунин ягон ҳунарҳои мардумиро ёд гиранд. Зеро ҳунар ганҷинаи бебаҳост, ки ҳунари ман маънои зиндагии ман аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>