Намоиши маҳсули ҳунармандони ҷавон

ашт намоиш

АШТ. Рӯзи гузашта вобаста ба эълон гардидани «Соли 2018 -Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ» дар МТМУ №17  аз  тарафи аъзоёни ТҶҶ«Созандагони Ватан» ҳунарҳои дастони моҳири хонандагони ин муассиса ба намоиш бароварда шуд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рузиматов Д. дар чорабинии мазкур ширкат варзида, зикр намуд,  ки бо ташаббус ва иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи ин соҳа ва ҳунарҳои мардумӣ заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Иқдоми навбатии Раиси муаззами ҳизб барои ҷавонони ҳунармандбоз як имкониятест, ки ҳунарҳои дӯстдоштаи худро сайқал диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>