Озмуни «Зебосанам»

Деваштич_зебосанам

ДЕВАШТИЧ. Бо ташабуси китобхонахои системаи марказонидашудаи ноҳияи Деваштич дар хонаи манданияти бахши фарҳанги ноҳия бахшида ба соли 2018 – соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни «Зебосанам» баргузор гардид. Дар чорабини мазкури толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии 10,14,16,38,51 аз руи шартхои шиносои 3-дак, қироати шер дар васфи Тоҷикистон, Модар, Баҳор, 3-дақиқа саволу ҷавоб дар лифофа 5-дақиқа, маҳорати пазандагии духтарон (як намуди таом бо шарҳаш), мавзeи озод (саҳнача, сурудҳои ҳаҷвӣ, тақлидкорӣ, қироати шеъру тарона 5- дақиқа) иштирок ва ҳунар намои карданд. Озмун дар сатҳи баланди идона гузашта ҳозиринро шоду масрур сохт. Шоҳҷоиза насиби хонандаи мактаби рақами 38 Моҳчера Шарипова сазовор дониста шуд. Ҷойҳои якумро Эшонава Зевара, ҷойи дуюм насиби, Ашeрова Дурахшон ва ҷойи сеюмро хонандагони мактаби рақами 10,16 Пардева Очаҷон ва Обидова Нозанин ишғол намуданд. Аз тарафаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳия Комрон Исмоилиён ба директори китобхона Шаҳло Умарова барои меҳнати пурсамари кормандон ифтихорнома ва барои иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар охир мудири бахши занон ва оила МИҲД-и ноҳия Замира Аҳмадҷонова қайд кард, ки фаъолияти китобхонаҳои системаи марказонидашуда хуб ба роҳ монда шуда, тез–тез чорабиниҳои баландмазмун гузаронида меистанд, ки ин хеле хубу хотирмон аст. Зану духтарон барои пешрафти ҷомеа то имрeз ҳиссаи хешро мегузоранд. Зеро зан-духатар тарбияткунандаи имруз ояндаи ҷомеа мебошад. Озмун чун ҳарвақта ба ҳозирин таъби болида бахшид. Аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанг Шаҳло Файзуллоева, Алиҷон Сангинов, Умед Ғоибназаров, ҳаваскорон Давлатшод Ашeров, Афзалшоҳи Хуршед бо сурудҳои тозаэҷоди худ ба ҳамагон руҳи тозаи идона тақдим карданд. Ҳадафи баргузори чунин чорабиниҳо пайдо намудани истъедоди баланд, муаррифи намудани симою тоҷикиву либосии милли ва ҳунари пазандагию дeзандагӣ ва донистани маърифтҳаи оиладори аз овони мактабхони мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>