Ватанамонро аз хатари ифротгароён эмин нигоҳ медорем

панчакент

ПАНҶАКЕНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар  Ҷамоати деҳоти Саразм деҳаи Абдусамад оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии  шаҳрвандон аз шомишлавӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ва пешгирӣ аз хатари ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва ба амнияти кишвар таҳдидовар бо иштироки зиёда аз 47 нафар сокинон  вохӯрӣ доир гардид. Дар маҷлиси ҳизбӣ  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Алишер Амонов   ва  Шерзод Раҳматов  иштирок намуда, атрофи масъалаҳои зикршуда  кушоду равшан суханронӣ намуданд. Масъулин  иброз намуданд, ки мо ҳамчун соҳибватанони содиқ ба Пешвои миллат талош бояд варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд, бо сарбаландӣ иҷро кунем. Сипас, иштирокдорони мулоқотро даъват намуданд, ки  ба сафи ҳизб дохил шаванд. Пас аз мулоқот  аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии Саразм дидан намуда барои пешбурди корҳои таблиғотӣ маслиҳатҳо доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>