Коргоҳи хурди дуредгарӣ ва мебелсозӣ ба истифода дода шуд

АШТ. Дар маркази ноҳия шаҳраки Шайдон Коргоҳи хурди дуредгарӣ ва мебелсозии “Муҳаммад” ба истифода дода шуд. Коргоҳи хурди дуредгарӣ ва мебелсозии “Муҳаммад” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Умедҷон Мусоев бо харҷи 750 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст ва туҳфаи арзанда ба мардуми ноҳия дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад. Коргоҳи мазкур фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои “Арча” ва “Silkcoлt” ба роҳ монда, ба сохтани мебелҳои гуногун, ҷевону рахти хоб, мизу курсиҳои гуногунҳаҷми мутобиқ ба завқи мизоҷон ва дару тирезаҳои чӯбину пластикӣ машғул хоҳад буд. Айни замон дар ин коргоҳ 12 нафар бо кор таъмин гардидаанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>