Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

бғ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои навсозӣ ва бунёду барқарорсозии майдончаҳои варзишию истироҳатӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла, санаи 2 апрели соли равон дар мактаб-интернати ба номи Тӯхтабой Ғаффоров, ки барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон заиф пешбинӣ шудааст, як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Пас аз маросими ифтитоҳи ин майдонча, ки бо ҳузури роҳбарияти ноҳия доир шуд, миёни дастаҳои наврасони мактаб-интернат мусобиқаи футболи хурд доир гардид. Хотиррасон менамоем, ки дар муасссаи мазкур 286 нафар хонандагон аз тамоми гӯшаю канори вилоят фаро гирифта шудаанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>